20-уми апрели соли 2022 таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати кор бо занон ва оила дар се моҳи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022 доир гардид.
Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои вилоятӣ, раёсатҳои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят, маориф, тандурустӣ, бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилоят, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилоят, Маркази солимии репродуктивии вилоят, муовинони раис оид ба иҷтимоиёт ва мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода оид ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2022 шунида шуд.
Ҳамзамон, аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ, аз ҷумла раёсатҳои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят, маориф, тандурустӣ, бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилоят ва Маркази солимии репродуктивии вилоят пурсиш гузаронида шуда, масъулин доир ба камбудиҳову мушкилоти ҷойдошта сухан карданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷом, аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ барои таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва барномаҳои давлатии соҳавӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати эътибори ҷиддӣ зоҳир намудан ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ аз тарафи занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд