Баргузории ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят

Дар маҷлисгоҳи гимназияи рақами 1 –и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, кормандон ва сарварони зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ҷаласаи навбатии мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ҷаласаро  ифтитоҳ бахшида, доир ба натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи соли 2022 ҳисобот дод. Дар баромад таъкид шуд, ки маорифчиёни вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуда буд, дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият саъйю талош варзида, дар давраи сипаришуда ба натиҷаҳои назаррас  соҳиб гардиданд. Дар ин пешравиҳо саҳми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хеле калон аст.

Мавсуф ҳамаи самтҳои фаъолиятро бо мисолҳои муътамад ба риштаи таҳлил кашида, барои тақвияти фаъолият ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимии хусусӣ, ҳар чи бештар фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба муассисаҳои томактабӣ, ба ғамхорӣ фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд, амалан дастгирӣ намудани мутахассисони ҷавон ва ба ин васила ҷудо кардани қитаъҳои замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо, ҷоннок намудани фаъолияти Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо таъсиси маҳфилҳои фаннӣ, хосса илмҳои риёзӣ ва дақиқ, ҳар чи пештар тадбирҷӯйи ҷиҳати бунёди бинои алоҳида ба марказҳо, дурнамо ва амалишавии сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъмири ҷории онҳо, раванди қабули ҳуҷҷатҳо ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, вазъи таъминоти компютерӣ, тахтаҳои электронӣ, дар муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳоти фаннӣ, вазъи таъминоти муассисаҳо бо китоби дарсӣ, либоси мактабӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ аз мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои  Айнӣ, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ, вазъи кадрӣ ва дар ин замина таъминоти муассисаҳо бо равоншиносон, омодагии омӯзгорон ба машғулиятҳо, ҳолати санитарии муассисаҳо, самаранок истифода бурдани заминҳои наздимактабӣ пурсиш ба амал овард.   

Корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Васлибек Назриён зимни баромад доир ба татбиқи  «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки марому мақсади ниҳоии стратегия паст кардани сатҳи коррупсия мебошад. Таъкид шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз муборизаи дастҷамъона алайҳи ин зуҳуроти ҷомеа кори ҳамагон буда, пешгирии он вазифаи муҳим шуморида мешавад.

Бо тасдиқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои фаъолияти минбаъда ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд