Хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карда, соҳиби 75 ҷойи ифтихорӣ шуданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд, дар ҷамъбасти олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 116 ҷойи ифтихорӣ (23 ҷойи якум, 26 ҷойи дуюм, 67 ҷойи сеюм) мақоми якум, вилояти Суғд сазовори 75 ҷойи ифтихорӣ (8 ҷойи якум, 23 ҷойи дуюм, 44 ҷойи сеюм) мақоми дуюм, вилояти Хатлон сазовори 67 ҷойи ифтихорӣ (9 ҷойи якум, 26 ҷойи дуюм, 32 ҷойи сеюм) мақоми сеюм гардида, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 22 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 16 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) гардиданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ғолибон медалҳо, “Ифтихорнома”-ҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, омӯзгороне, ки дар ҳаракати олимпӣ ва омода кардани хонандагон ба ин олимпиадаҳо саҳм доштанд, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамени вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои мазкур ба даҳгонаи аввал дохил гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд