Дар ДДҲБСТ даври нахустини озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид

Рӯзҳои 18-19 апрели сли 2022 дар маҷлигоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даври донишгоҳии озмуни мазкур байни донишҷӯён ва кормандону устодон доир гардид.

Аз рӯи нақшаи таҳия ва тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ дар рӯзи аввали даври донишгоҳии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯён ширкат намуданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода перомуни   аҳамияти фарҳангию маърифатӣ ва нуфузу мақоми ин озмуни шуҳратёр сухан кард. Қайд гардид, ки бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму маърифат рӯз ба рӯз рушд намуда, миқдори ширкаткунандагони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бештар мегарданд.

Сипас, беш аз 250 нафар донишҷўён ҷиҳати иштирок дар даври донишгоҳии озмуни мазкур  ҳуҷҷат пешниҳод намуда, дар номинатсияҳои алоҳида баромад карданд. Тибқи низомномаи  озмун донишҷўён аз рўи 5 номинатсия қувваозмоӣ карда, бо баҳогузории ҳайъати ҳакамон ғолибон муайян шуданд. Дар рӯзи дуюми  даври донишгоҳии озмуни мазкур  бошад  наздик 150 нафар кормандону устодон ҳуҷҷат пешниҳод намуда, фаъолона ширкат варзиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайъати ҳакамон беш аз 50 нафар донишҷӯён ва 30 нафар кормандону устодони донишгоҳ ба даври баъдии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти  сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии донишҷӯён, ҷалби муҳассилин ба китобхонӣ ва  азхудкунии осори бузургону арҷгузорӣ ба китоб роҳандозӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд