Ду толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд соҳиби 300 ҳазор доллар гранти омӯзишӣ шуданд

Азназаргузаронӣ: 1041

Амирбек Зокиров  ва Самандар Самандаров-толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои навбатии донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария ғолиб шуда, соҳиби 300 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ гардиданд.

Бо дарёфти грантҳои омӯзишӣ ҳамакнун хонандагони болаёқат метавонанд дар Донишгоҳи Уолш (Walsh University)-и штати Огайои кишвари Амрико ва Донишгоҳи Франклини кишвари Швейтсария тариқи буҷавӣ таҳсил намоянд.

Ин ду донишгоҳи маъруфи олам бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии худро барои қабули хонандаҳои тоҷик эълон намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки донишгоҳҳои мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил буда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 120 ҳазор то 170 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. Супоридани имтиҳон дар донишгоҳҳои беҳтарини дунё тариқи эссе ва озмунҳои мухталиф сурат гирифта, яке аз талаботи асосии он донистани амиқи забони англисӣ ба шумор меравад.

Дар МДТ "Литсей барохоннагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси маъмурияти муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои беҳтарини олам ба роҳ монда шуда, хонандагони муассиса, ки донандаи забони англисӣ ҳастанд, дар озмунҳои гуногуни донишгоҳҳои беҳтарини олам иштирок намуда, аз грантҳои омӯзишӣ бархурдор гардида истодаанд.

Тибқи иттилоъи Сурайё Негматова, директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, Амирбек Зокиров ният дорад дар оянда дар риштаи бизнес-идоракунӣ ва Самандар Самандаров дар риштаи IT - технология омӯзиш дида, баъди хатми донишгоҳ баҳри пешрафти кишварамон саҳми худро гузоранд.

Боиси зикр аст, ки дар муассисаи таълимӣ тамоми имконият барои омӯзиши забони англисӣ фароҳам буда, бо азхудкунии забон хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намудаву соҳиби ҷоизаҳои назаррас мегарданд.

Ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ дар ин самт набуда, чанде қабл хонандаи Литсей Алишер Қосимов соҳиби Шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ дар 8 Донишгоҳи кишвари Амрико ва моҳи декабри соли 2021 се нафар хонандагони ин Литсей Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд.

Омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои забономӯзии шогирдон пайваста талош мекунанд. Натиҷаи чунин заҳматҳост, ки соли хониши 2020-2021 аз 45 нафар хатмкунандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд 40 нафар ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Италия ва Русия дохил шуда, боқимонда 5 нафар дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ омӯзиш дида истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд