Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 89-и деҳаи Оби борик ва № 28-и деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент соли нави таҳсилро дар синфхонаҳои нави барҳаво истиқбол мегиранд.
Дар назди муассисаҳои таълимии зикршуда бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ташаббусу саҳмгузории волидон ва омӯзгорон барои хонандагони зинаи аввал 4 ададӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар синфхонаҳои нави таълимӣ хонандагоне, ки имсол ба синфи як мераванд, барои мутобиқшавӣ ба дарс ба машғулиятҳо ҷалб карда шудаанд.
Барои хонадагони таълимгоҳҳо тӯҳфаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр- компутерҳои замонавӣ тақдим карда шуд.