Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чор иншооти варзишӣ ба истифода дода шудааст

Азназаргузаронӣ: 974

Дар  се моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 4 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти варзишӣ дар маҷмуъ бо маблағи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохта шудааст.

Дар ин давра дастаи мунтахаби вилоят дар 13 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва ба гирифтани 104 медали тилло,  153 медали нуқра ва 109 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Ҳамзамон, варзишгарони вилоят дар 12 мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, ба хазинаи варзишии вилоят 44 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 21 нуқра ва 10 биринҷӣ оварданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд