2 август бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба мумфаршкунии роҳи стансияи Нов-Саидқурғон-Оқтеппа оғоз бахшида шуд.
Дарозии роҳи мазкур 3,7 км буда, 2,5 километри он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 1,2 километри он бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфарш карда мешавад. Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Ваҳдат-2018» мебошад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода мешавад. Дар доираи бунёдкориҳо ба мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, дар иҷрои ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст низ назаррас аст.
Қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1 ҳазору 6 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 112,1 километр таъмири асосӣ, 364,8 километр таъмири ҷорӣ ва 528,9 километр шағалпӯш мебошад ва мумфаршсозиву таъмири роҳҳо идома дорад.
Сипас, роҳбари вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии «Худоёр» шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 17 гектар замин буда, баъди ҷамъоварии ҳосили якум дар 5,5 гектар такроран турб, шалғам, сабзӣ, лӯбиёгиҳо, ҷуворимакка кишт карда шудааст ва нашъунамои зироатҳо хуб мебошад.
Раиси вилоят ба кишоварзон бо ёдоварӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи замин ва гирифтани ду-се ҳосил тавсияҳо дод.
Дар поёни сафар Раиси вилоят аз ҳоли собиқадори меҳнат Абдунабӣ Кенҷаев, ки дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзанда гузоштааст, хабар гирифта, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд