Бинои шуъбаи сироятии шаҳри Истаравшан бо ташаббуси роҳбарияти Беморхонаи марказӣ ва дастгирии шарикони рушд, махсусан ташкилоти ЮНИСЕФ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои фаъолият омода гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша- чорабиниҳо иборат аз 40 банд таҳия ва тасдиқ гардида, то имрӯз 30 банди он мавриди иҷро ва баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Аз ҷумла, таъмири шуъбаи бемориҳои сироятӣ низ дар доираи ҳамин тадбирҳо амалӣ гардида, он бо маблағгузории шарикони рушд, хоса ташкилоти ЮНИСЕФ аз таъмири кулли бароварда шуд ва бо катҳои функсионалию статсионарӣ ва дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин гардид.
Инчунин, дар шуъба таҳлилгоҳи клиникию биохимиявӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, гушаи гиёҳдармонӣ ва дигар инфрасохторҳои асосию ёрирасон бунёд карда шуд.