Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Маркази дандонпизишкии хусусии «Зеби инсон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Марказ аз ҷониби дандонпизишк Искандар Зикриёев бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои нав бо тарҳи муосир сохта шуда, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи дандонсозӣ, муолиҷавӣ, ҷарроҳӣ, аксбардории дандон ва ғайра иборат буда, барои беморон шароити муосири табобати дандон фароҳам оварда шудааст.

Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ ва бо сифат сохтани дандон 8 таҷҳизоти нав харидорӣ гардидааст.

Дар марказ 10 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, дандонпизишкони пуртаҷрибаю соҳибкасб ба кор ҷалб шудаанд