Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеи назди пули "Ҷашнӣ" ва Маркази ҷарроҳии дилу рагҳо дар шаҳри Хуҷанд ободу зебо гардонида шуд.
Дар доираи бунёдкориҳо соҳили дарёи Сир, шафати Маркази ҷарроҳии дилу рагҳо ва Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ пурра навсозӣ шуда, пиёдароҳҳо сафолакпӯш ва нишастгоҳу таҷҳизоти варзишӣ гузошта шуд.
Корҳои ободонию созандагӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, ин мавзеъ ба макони хуби истироҳату фароғати сокинон табдил ёфт.
Аснои шиносоӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бояд чунин мавзеҳои соҳили Сирдарё ба навсозиву ободонӣ фаро гирифта шаванд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сокинон дар вақти субҳу шом ба соҳили дарё ташриф оварда, ба обу тоби бадан машғул мешаванд.
Таъкид гардид, ки бояд ба тозагии муҳити зист таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, ҷойҳои ҷамъиятӣ озода нигоҳ дошта шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд