Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯ­зи якшанбеи 2 июн дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободон­иву созандагӣ шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати вусъатбахшии корҳо супоришҳо дод.

Ба ис­тиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷу­мҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, дар доираи бунёдкориҳо со­ҳили дарёи Сир, аз назди пули "Ҷашнӣ" ва Маркази ҷарроҳии дилу рагҳо ободу зебо карда мешавад. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни замон корҳои ободонӣ тибқи лоиҳа оғоз ёфта, мутахассисон сафарбар карда шуданд.

Раиси вилоят инчунин сохтмони бинои таъл­имӣ барои курсантони факултаи чоруми Ака­демияи ВКД дар шаҳри Хуҷандро мавриди та­ваҷҷуҳ қарор дод. Ин­шоот аз шаш ошёна иб­орат аст ва дорои 17 синфхона, ошхонаву хобгоҳ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифт­ани иншоот, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Исти­қлоли давлатии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, ба­рои таълиму тарбияи курсантон шароити му­соид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Зимни шиносоӣ бо кор­ҳои сохтмонии Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо маблағгузории Мақ­омоти иҷроияи ҳокими­яти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳ­орати олии вилояти Суғд бунёд гардида, дар маҷмаа дар як вақт то 1000 варзишгар ба машқу тамрин ма­шғул шуда метавонанд­.

Маҷмааи варзишии “Су­ғд Арена” дорои толо­рҳои варзишии бокс, гўштингирӣ, гимнасти­каи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо буда, бунёди толор­ҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят инчунин дар маҳаллаи Темурм­алики шаҳри Хуҷанд рафти сохтмони бинои истиқоматии иҷтимои­ро аз назар гузарони­да, барои бо истифода аз масолеҳи хушсиф­ат сохтани бино, обо­дониву кабудизоркунии муҳити зист супори­шҳо дод. Тибқи лоиҳа бинои хизматӣ аз 9 ошёна иборат буда, дорои 45 хонаҳои 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ аст ва он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳо­кимияти давлатии вил­оят қомат хоҳад афро­хт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд