Театри Конибодом дар Душанбе намоишномаи «Калдампоча»-ро ба саҳна мегузорад

Ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом 16 апрели соли 2022 дар толори Театри давлатии тамошобини ҷавон “Аҳорун”-и шаҳри Душанбе намоишномаи “Калдампоча”-ро ба саҳна мегузоранд.

Тибқи иттилои директори Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова Ғайрат Қодиров оғози намоиш соати 14 ба нақша гирифта шудааст. Намоиши “Калдампоча” тӯли 3 моҳ тариқи онлайн офарида шуд. Коргардон дар Лондон, рассом дар Тошканд ва ҳунармандон дар Конибодом истода тариқи ZOOM тамрин намудаанд.

Коргардони намоиш Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ буда, «Калдампоча» афсонаест дар бораи он, ки чӣ тавр узвҳои бадани инсон сар (Кал), шикам (дам), пой (попо) ва даст (чача) аз иҷрои вазифаи худ саркашӣ карда, кори худро ба уҳдаи ҳамдигар мегузоранд.

«Намоиш якҷоягӣ, инсондӯстӣ, баробарӣ, озодӣ, худшиносӣ ва масъулият барин ғояҳо ва арзишҳои баланди инсониро  талқин намуда, ҳамзамон оқибати хуб надоштани рафторҳо ва сифатҳои бадро инъикос мекунад» — таъкид мекунад директори театр.

Намоиш жанрҳо, шаклҳо ва воситаҳои гуногуни баёни театри муосирро дар худ омезиш додааст, ки импровизатсия, интерактив, лӯхтакҳо – одамон – аждарҳо аз ҷумлаи онҳоанд.

Бояд зикр кард, ки нахустнамоиши «Калдампоча» дар арафаи таҷлили 30- солагии робитаҳои дипломатии Швейтсария ва Тоҷикистон баргузор шуда, он бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария омода шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд