Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2022» гузаронида мешавад

Соли ҷорӣ дар байни китобхонаҳои низоми фарҳанги шаҳру ноҳияҳо озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2022» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Озмуни мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва китобхона-филиалҳои шаҳраку деҳот, ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиаи китоб ва бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Ба ғолибони озмун мутаносибат 10 000 сомонӣ, 8 000 сомонӣ, 6 000 сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 12 000 сомонӣ супорида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд