Дар Хуҷанд клиникаи муосири оилавии 1+1 ифтитоҳ гардид

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд клиникаи оилавии 1+1 бо фарогирии беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода  ширкат варзиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки клиникаи муосири оилавии 1+1 бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Носиров ва иқдоми табиби ҷавон Абдуҳафиз Шукуров дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Федератсияи Русия таъсис дода шуда, ҳадаф пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон феълан фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд рӯ ба рушд ниҳода, зимнан пешрафти тибби хусусӣ низ бараъло ба мушоҳида мерасад. Барои сохта ба истифода додани ҶДММ 1+1, ки муштаракан бо мутахассисони барҷастаи соҳаи тиб аз Федератсияи Россия фаъол карда шуд, зиёда аз 6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ сарф шудааст. Дар ин муассисаи замонавии тиббӣ 50 нафар мутахассисон бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ин марказ дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст. Иншоот аз 28 ҳуҷра иборат буда, он дорои 16 кат мебошад. 8 ҳуҷраи муолиҷаву муоинаи беморон бо тамоми шароит фаъолият карда, ба беморон беҳтарин мутахассисони равияи гуногуни тиббӣ хизмат мерасонанд.