Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии "Амид" дар Исфара

5 март дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази савдо ва хизматрасонии "Амид" ба истифода дода шуд.

Масоҳати умумии маркази савдо 620 метри мураббаъ буда, он бо тарҳи муосир ва услуби хосаи меъморӣ бо омезиши нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он фурӯши маҳсулоти гуногун, аз қабили лавозимоти рӯзгор, хӯрока, маҳсулоти гӯштиву ширӣ, хуришҳо, хӯрокҳои тезтайёр, нӯшокиву шириниҳо ва ғайра ба роҳ монда шудааст. 

Баробари ба истифода додани иншооти мазкур 70 нафар сокинони маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аксари онҳо бонувон мебошанд. Дар маркази нави савдо тамоми талабот ва меъёрҳо риоя шуда, тамоми маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда мустақиман ворид карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки арзиши маҳсулот нисбат ба бозор то 10 дарсад арзон пешкаши мизоҷон гардонида шавад. 

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардидаи Маркази савдо ва хизматрасонии «Амид» ва мулоқот бо сокинон таъкид дошт, ки маҳз бо дастгири ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар тамоми манотиқи кишвар, хоса вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ авҷи тоза гирифта, силсилаи иншооти муҳими хоҷагии халқ бунёд карда мешавад, ки ҳадаф фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагонӣ ба ҳар сокини кишвар мебошад. 

Дар ин рӯз аз тарафи ширкати мазкур ба 200 оилаи камбизоат, мӯҳтоҷон ва ятимону бепарасторон кумакҳои яквақта расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд