Дар соли 2023 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 1054,2 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 2128,5 млн. сомонӣ иҷро гардид.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар соли 2023 ба маблағи 3505,2 млн. сомонӣ азхуд карда шуд, ки суръати афзоиш ба 143,9 фоиз таъмин гардид.
Тибқи нақшаи пешбинигардида дар вилоят то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.
Дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2778 иншоот омода гардида, нақшаи солона 116 фоиз таъмин гардид.
Аз оғози маъракаи омодагӣ ба ҷашни фархундаи миллат наздик 5000 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва мавриди таҷдиду тармим қарор гирифта, бунёдкориҳо идома дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд