Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази саломатӣ ва маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бинои Маркази саломатӣ баъди таъмиру таҷдид, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории шарикони рушд сурат гирифт, мариди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, бино барои пазироӣ ва табобати аҳолӣ ҳамаи шароити зарурӣ, ҳуҷраҳои бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазро доро буда, 17 нафар кормандони тиббӣ он ҷо фаъолият мебаранд.

Ҳамчунин дар деҳа нахустин табобатгоҳи дандонпизишкии хусусӣ бо номи "Табассум", ки аз ҷониби соҳибкор ва дандонпизишк Баҳодур Норов бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст,ба кор шурӯъ намуд.

Онҷо ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ барои табобат ва гузоштани дандонҳои ориятӣ насб шуда, ба мизоҷон 4 нафар кормандони тиб хидмат мерасонанд.