Дар ноҳияи Мастчоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои нави Беморхонаи марказии ноҳия сохта ба истифода дода мешавад.
Иншооти сохташаванда дар доираи корҳои ободониву созандагии ноҳия ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Иншооти нав дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда, он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.
Дар беморхона ҳамчунин барои қабули беморон 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ шудааст.
Маблағгузори иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчии он ҶДММ “Сохтмон - З” мебошад. Маблағи умумии иншооти сохташаванда наздик ба 30 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи марказии ноҳия ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо, истифодаи меъёрҳои меъморӣ ва масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани беморхонаи наву муосир тадбири муҳим ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншоот ҳамчунин барои қабул ва ба табабот фаро гирифтани беморон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.