Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ мошини ёрии таъҷилӣ дастрас гардид

30 марти соли равон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ як мошини ёрии таъҷилии муосир бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардид.  Ин мошини ёрии таъҷилӣ сохти давлати Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст.

Мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ тақдим гардидааст.

Чанде пеш низ бо дастгириии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон дастрас гардида буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд