Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ-табобатии «Садаф»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

6 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди Маркази ташхисӣ — табобатии “Садаф”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази ташхисию табобатӣ дар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наимҷон Тураев сохта шудааст.

Баробари ба истифода додани иншооти соҳаи тандурустӣ 40 нафар мутахассиси баландихтисос бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, дар фурсати муқаррашуда ба итмом расидааст. Маркази ташхисию табобатӣ дорои 12 ҳуҷра ва 34 кат барои беморон мебошад.

Иншооти мазкур бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар масоҳати умумии 0,17 гектар қомат афрохтааст.

Дар Маркази ташхисию табобатии “Садаф” маҷмӯи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантант ва дармонгоҳи дил ба роҳ монда шудааст.

Бинои навбунёди хуштарҳу замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва табобатӣ, аз ҷумла лазери спикане, ки аз Ҷумҳурии Корея дастрас гардидааст, таҷҳизонида шудааст.

Маркази муосири ташхисию табобатии “Садаф” дорои ошхона ва толори маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст мебошад.

Дар бинои нав таҷҳизоти муосири тиббии дандондармонӣ, микроскоп барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ренгент барои ҷоғу рӯй, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, толори истироҳату фароғати кӯдакон ва ҳуҷраҳои кории табибон ҷойгир шудааст.

Дар маркази муосир ҳамаи ташхису табобат бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро ҷиҳати таъмини шароити муосири ташхис ва табобати дандон намуна арзёбӣ намуданд.