Баргузории чорабинии «Корвони саломатӣ» дар шаҳри Бӯстон

Аз ҷониби табибони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон чорабинии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд.

Табибон бо истифода аз нақлиётҳои махсуси сайёри дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ сокинони шаҳри Бӯстонро муоина намуда, тавсияҳо доданд.

Табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ дар маҷмуъ 200 нафарро аз муоина гузарониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд