Дар вилояти Суғд даври вилоятии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд.
Дар марҳилаи аввали озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» 11 нафар намояндагони беҳтарини касбу кори худ – ғолибони озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз рӯи 5 шарт – машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир намудан ва сохтани манзара, дониш ва маҳорати касбии мураббия, ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ ширкат намуда, 6 нафар беҳтаринҳо ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар даври вилоятӣ довталабон аз рӯйи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа донишу маҳорати хешро нишон доданд.
Дар ҷамъбаст Муҳаррам Набизода - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон сазовори ҷойи якум гардид.
Ғолиби даври вилоятии озмун Муҳаррам Набизода - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» вилояти Суғдро намояндагӣ менамояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд