«Корвони саломатӣ» 400 нафар сокинони Конибодому Спитаменро аз муоина гузаронид

4 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Спитамен чорабинии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд.

Табибони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо истифода аз нақлиёти сайёри тиббӣ ба сокинон хизмат расонида, ба шаҳрвандон тавсияҳо доданд.

10 нафар табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт 400 нафар сокинонро муоина намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки «Корвони саломатӣ» бо мақсади муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобати сокинон ба таври ройгон дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.

 Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд