Натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Суғд дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023

3 январи соли 2023 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Мадина Набизода - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд​ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ - Муяссара Давлатзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд - Тоҷибой Султонзода, сардори Раёсати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - Ромиш Неъматзода, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд - Ҷаҳонгир Салимзода, мудирони шӯъбаҳои маориф, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва мудирони кабинетҳои методии назди шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Нахуст, гузориши Мадина Набизода - сардори Раёсати маорифи вилоят “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ" шунида шуд. Ваъзи соҳа, барору нобарориҳои соли сипаришуда аз ҷониби мавсуф ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифт. Сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд - Ҷаҳонгир Салимзода, сардори Раёсати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ дар вилояти Суғд - Ромиш Неъматзода, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ - Муяссара Давлатзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд - Тоҷибой Султонзода​ баромад намуда, оид ба вазифаҳое сухан ронданд, ки аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд. Инчунин, дар суханрониҳо мулоҳизаҳо оид ба пешравии кори таълиму тарбия, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда баён гардид. Мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки​ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда тадбирҳои муассир андешанд. Инчунин, бо назардошти ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта нақшаи кории Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2023 тасдиқ карда шуд.

Пешқадамони соҳа барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, саҳми шоиста дар пешбурди кори таълиму тарбия ва дастовардҳои назаррас дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соли 2022 - соли ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсат маорифи вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд