Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид

Дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гашт, ки дар кори он муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиро Қурбонҷон Мирзоева оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи шӯро ошно намуд. Баъди тасдиқи рӯзнома Шӯрои ҷамъиятӣ ба кори худ шурӯъ кард. Аз рӯи масъалаи аввали ҷаласа, ки андешаҳо дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар буд, баромади мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Султонзода Тоҷибой Султонӣ шунида шуд.

Мавсуф зимни ибрози андешаҳои хеш роҷеъ ба Паёми Сарвари давлат аз муҳимият ва арзишҳои Паёми навбатӣ ёдрас шуда, таҳлилу баррасиҳои Президенти кишварро роҷеъ ба рушду нумӯи самтҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии давлат чун номаи иршоду фардосози Ватан арзёбӣ кард. Қайд шуд, ки мардуми сарбаланди вилоят низ дар қатори тамоми сокинони кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва раҳнамоии Роҳбари давлат сарбаландонаву сидқидилона талош хоҳанд кард.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ зимни музокирот таъкид сохтанд, ки ҷиҳати ташвиқу тарғиби муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фаъолиятро тақвият бахшида, дар байни аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд. Сипас, масъалаи дувуми рӯзнома рафти иҷрои Қарори Раиси вилоят, таҳти рақами 476 “ Дар бораи татбиқи иҷрои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019‐2024 дар вилояти Суғд баррасӣ шуд.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни маърӯзаи хеш аз рафти иҷрои Барномаи мазкур ва натиҷаҳои кории то имрӯз бадастомада сухан карда, зикр намуд, ки баҳри амалигардонии Барнома нақшаҳои кории вилоятӣ, гуруҳҳои кории вилоятӣ тартиб дода шуда, дар сохторҳои вобаста ва муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри иҷрои он талошҳои пайваста роҳандозӣ мешаванд. Маъруф Ҳоҷибоев қайд кард, ки фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри ХХ ва аввалҳои асри ХХI инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои кураи замин ба шумор меравад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ фарбеҳиро ҳамчун эпидемияи глобалӣ эълон намудааст.

Таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ тасдиқ шуда, ҳамчун масъалаи афзалиятноки байнисоҳавӣ муайян гардидааст. Ҳалли масъалаҳои пешгирии вазни зиёди бадан ва фарбеҳӣ дар сатҳи байни соҳавӣ ба коҳиш додани афзоиши бемориҳои ғайрисироятии фишорбаландӣ, ишемияи дил, диабети қанди навъи 2 ва ғайра мусоидат намуда, сиҳатию дарозумрӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро беҳтар менамояд. Зимни музокироти аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Абдулатиф Раҳимов ҷалб намудани аҳолиро ба тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла варзиш аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки дар робита ба ин масъала дар миқёси вилоят толор ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Темур Тӯйчизода, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят роҷеъ ба масъалаи севуми рӯзнома баромад карда, аз рафти иҷрои Барномаи давлатӣ “Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019‐2023” маълумот дод. Қайд шуд, ки баҳри пешгирии ҳодисаи номатлуб тамоми чораву тадбирҳо амалӣ шуда, яке аз роҳҳои пешгирии худкушӣ ин муайян намудани омилҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрванд мебошад. Таҳлилу баррасии ин мавзуъро зимни музокироти масъала раиси Шӯрои занҳои вилоят Хуршеда Хоҷазода идома дода, таъкид кард, ки Шӯрои занони вилоят дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро миёни занону духтарон ва ноболиғон пурзӯр намудааст.

Сипас, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ нақшаи кории Шӯроро барои соли 2023 муҳокима ва тасдиқ намуданд. Дар охир муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро натиҷагирӣ намуда, иброз дошт, ки нақши Шӯро дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он назаррас буда, бояд фаъолиятро дар самти амалӣ намудани дастуру супоришоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурзӯртар намуд.

Дар замина муовини Раиси вилоят Паёми Сарвари давлатро раҳнамои кор ва номаи саодатофари фардо арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд