Панҷакент. Барои 560 нафар маъюбон дастархони солинавӣ густурда шуд

Имрӯз дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳот беш аз 560 нафар маъюбони гурӯҳи якум гирди дастархони идонаи солинавӣ ҷамъ оварда шуданд.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар аз номи муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода онҳоро табрик гуфта, аз ҷумла таъкид  намуд, ки ғамхорӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, маъюбон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва дар ин самт ҳамасола корҳои зиёде анҷом дода мешавад.

Ба ҷамъомадагон тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Панҷакент имрӯз ҳамчунин аз хонаи маъюбон ва пиронсолони шаҳр боздид намуда, бошандагони муассисаи иҷтимоиро бо соли нави милодӣ шодбош гуфтанд. Ин ҷо низ бо саҳмгузории  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сарпарастон барои бошандагон дастархони идона густурда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд