Рӯзҳои 5-16-уми декабри соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки тибқи иттилои масъулин дар он 442 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Аз ҳисоби вилояти Суғд 91 нафар довталаб ширкат намуда, 7 нафар ҷойи якум, 13 нафар ҷойи дуюм ва 8 нафар ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Соли чорум аст озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Маросими тантанавии ҷамъбаст ва ҷоизасупории озмун 17 декабри соли 2022 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 32 ҷой, вилояти Суғд 28 ҷой, вилояти Хатлон 17 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 ҷой ва ВМКБ соҳиби 4 ҷой гардиданд.
Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд