17 декабр дар меҳмонхонаи "Суғдиён" нишасти хабарӣ баргузор гардид, ки дар он масъулини Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал доир шуда, дар он наздик 100 нафар варзишгарон аз мамлакатҳои зикршуда иштирок мекунанд.
Барои қадршиносии ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ ва соҳиби Шоҳҷоиза дар вазнҳои 95 кг ва беш аз 95 кг ду автомашина супорида мешавад.
Ҳамзамон, барои ғолибони мусобиқа, ки аз рӯи панҷ вазн гузаронида хоҳад шуд, аз 10 000 то 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим мегардад.
Дар нишасти хабарӣ намояндагони кишварҳои Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Федератсияи Россия, Белорус, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Туркманистон сухан гуфта, аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуданд ва ташкили чунин чорабинии сатҳи баландро барои таҳкими равобити дӯстонаи миёни давлатҳо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мусобиқаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд мегузарад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ 18 декабр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мегузарад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд