Мулоқоти гурӯҳҳои тарғиботӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳо

Рӯзҳои 15 ва 16 декабр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти гурӯҳҳои тарғиботӣ бо аҳолӣ баргузор мегардад.

Чунин як мулоқот дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир шуда, дар он мақолаи таҳлилии коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?" , инчунин масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии падидаҳои номатлуб ва пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Вохӯриро муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода ифтитоҳ  намуда, бобати масъалаҳои зикршуда ибрози андеша намуд.

Сипас, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов, Раиси кумиҷроияи ХҲДТ дар ноҳия Амирҷон Анварзода, мудири кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ Фурқат Ҳомидзода, номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДҲБСТ Абдуқодир Абдуҳафизовро суханронӣ намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳро шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар охир миёни иштирокдорони вохӯрӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд