Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, сохторҳои қудратӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии вилоят семинар – машварат бо ҳамкории ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф” баргузор гардид, ки дар он сатҳи имрӯзаи низоми таҳсилоти томактабии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода бо суханони ифтитоҳӣ ба кори семинар ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Гулсара Тошматова маърӯза намуд. Ҳозирин инчунин доир ба мавзӯъҳои “Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои томактабии вилоят”, “Риояи қоидаҳои зиддисӯхтор дар муассисаҳои томактабии вилоят”, “Маблағгузории муассисаҳои томактабӣ ва имкониятҳои беҳтар намудани он”, “Тартиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ дар муассисаҳои томактабӣ” маърӯзаҳои намояндагони Раёсати Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Азимзода, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд Алишер Исломзода, шӯъбаи молияи шаҳри Хуҷанд Ҷумъабой Сафаров, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Тахмина Усмоноваро шуниданд.
Дар семинар масъалаи “Мушкилоти маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби намояндаи лоиҳаи ЮНИСЕФ оид ба рушди барвақтии кӯдак, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф” Шодибек Қодиров рӯйнамоӣ гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир ба ҳозирин аз ҷониби мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Гулсара Тошматова оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои томактабӣ дастурҳои методӣ ироа гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд