Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа рӯзҳои 28-30 декабр дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешавад.
Чорабиниҳои идона бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон доир гардида, ба бошандагони муассисаҳо кӯмакҳои моддӣ расонида хоҳад шуд.
Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорабиниҳои идонаи муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда, кӯмакҳоро ба бошандагони мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон, пиронсолону маъюбон мерасонанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд