Суғд: Барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мешавад

18 декабр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни калонсалон доир гардида, дар назар аст, ки дар он паҳлавонони номдор иштирок намоянд.

Барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Россия ва Эрон даъват шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд