Дастаи «Хуҷанд» соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол шуд  

Бозиҳои 31-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расида, дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд медалҳои биринҷиро соҳиб шуд.

Дар ин бозиҳои ҷолиб дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе медалҳои тилло, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб медалҳои нуқра ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд медалҳои биринҷиро сазовор шуданд. Бозии даври 23-юм дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфт.

Дар бозии дигари давр дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 48 хол ҷойи аввалро касб кард, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 35 хол дар ҷойи дуюм, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 34 хол дар зинаи сеюм ҷойгир шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд