Намояндагони вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

Аз санаи 21 то 25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, дар ин озмун аз вилояти Суғд 73 нафар иштирок намуда, 19 нафар, аз ҷумла 3 нафар ҷойи якум, 7 нафар ҷойи дуюм ва  9 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуда, 13 нафари дигар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ  гардиданд.

Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ соҳиби 10 ҷой,  аз ҷумла 2 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 3 ҷойи сеюм мебошанд. Аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят 8 нафар, аз ҷумла 1 нафар сазовори  ҷойи якум, 2 нафар ҷойи дуюм ва 3 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар ҷамъбасти озмун ғолибони ҷойи якум бо маблағи 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо маблағи 25 ҳазор сомонӣ ва ғолибони ҷойи сеюм бо маблағи 15 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ гардида, 8 нафар омӯзгороне, ки хонандагонашон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шуданд. Бояд қайд намуд, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни озмуни мазкур зиёд гардида, нисбат ба соли 2021 шумораи ҷойҳои бадастовардаи дастаи вилояти Суғд 7 адад зиёд мебошад.

26 ноябр роҳбарияти Раёсати маорифи вилояти Суғд, омӯзгорон ва падару модарон ғолибону иштирокчиёни озмунро дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд