Дар доираи тантанаҳои идона ба истиқболи 30 - солагии Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъмири кулл шуъбаи сироятии беморхонаи шаҳрӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Зимни суҳбат бо роҳбарияти беморхонаи шаҳрӣ, табибон ва ҳамшираҳои шафқат раиси шаҳр Мавсума Муинӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тандурустӣ ибрози назар намуда, зикр дошт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини шароити мусоиди фаъолият дар муассисаҳои системаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Корҳои таъмирии шуъбаи сироятии беморхонаи шаҳрӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, моҳи ноябри соли равон ба анҷом расид.
Дар шуъба 3 нафар табиб, 7 нафар ҳамшираи тиб ва 7 нафар корманди хурди тиб фаъолият мекунанд.
Шуъбаи мазкур дорои 3 адад таҷҳизоти замонавии оксигенератор буда, дар 4 ҳуҷраи он хати кислороди марказонидашуда муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Мутахассисони соҳа дар остонаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаи мазкурро туҳфаи арзандаи идона арзёбӣ намуда, изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




