Филми «Дов» барои ба даст овардани «Медали Юнеско – Ганди» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон бо давлатҳои Бангладеш, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Бразилия ва Канада рақобат мекунад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони ин филм Муҳиддини Музаффар.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон аз 20 то 28 ноябр дар Гоа- яке аз 29 иёлати Ҳиндустон баргузор мегардад. Фестивали мазкур яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон шурӯъ аз соли 1952 баргузор мегардад. Он аз соли 2004 инҷониб дар шаҳри Панажи- пойтахти Гоа баргузор мешавад. Макони баргузории филмҳо маркази фарҳангии Кала Академия мебошад. Барномаи Фестивали байналмилалии филмҳои Ҳиндустон дар ҳафт толори кинотеатри пойтахти Гоа баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки филми мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ва «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




