Дар Истаравшан бинои иловагии таълимии гимназияи 4 ба истифода дода шуд

15 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, инчунин бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Гимназияи №4-и шаҳри Истаравшан бинои иловагии таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими баистифодадиҳии иншоот раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назруллозода Зиёратшо иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои иловагӣ дар назди Гимназияи №4 бо дастгирии ассотсиатсияи падарону модарони муассисаи таълимӣ бо роҳи ҳашар ва бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, ба муносибати фарорасии ҷашни таърихӣ ба истифода дода шуд, ки аз 3 ошёна иборат мебошад.

Дар ошёнаи якуми бино кабинетҳои физика ва химия, дар ошёнаи дуюм кабинети технологияи иттилоотӣ бо 30 компютери нав ва 2 адад тахтаи электронӣ, дар ошёнаи сеюм кабинети санъати тасвирӣ ва синфхонаҳо барои зергурӯҳҳо ҷиҳати омузиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда шудааст. Дар умум бино дорои 6 синфхона ва 1 утоқи корӣ мебошад.

Соли таҳсили ҷорӣ дар гимназия 59 нафар омӯзгорони дорои маълумоти оливу ихтисосманд ба таълиму тарбияи 1068 нафар хонандагон машғуланд.

Зимни сӯҳбат бо омӯзгорон, падару модарон ва толибилмони муассисаҳои таълимии мазкур раиси шаҳри Истаравшан ва меҳмонон вобаста ба баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб ва омода намудани шогирдон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ тавсия ва дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд