Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Маркази саломатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд.
Бинои иловагии маркази саломатии ноҳия дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст.
Бино аз 3 ошёна ва маҷлисгоҳ иборат буда, дорои 16 ҳуҷра мебошад ва дар он ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, тибби оилавӣ ҷойгир аст. Дар маркази саломатии ноҳия наздик 200 нафар кормандони соҳаи тиб фаъолият дошта, ба мардум хизмат мерасонанд.
Дар маросими баистифодадиҳии бинои иловагии маркази саломатии ноҳия вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, раиси ноҳия ва кормандони соҳа иштирок намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити бино таъкид гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустӣ таъмин шуда, сатҳи хизматрасонии тиббӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд