Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии "Аладдин" дар Истаравшан

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Аладдин" ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи муассиса раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назруллозода Зиёратшоҳ иштирок намуданд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Аладдин» дар шаҳраки "Гули Сурх" ҷойгир буда, ба иттилои масъулин аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳина Сиддиқова дар масоҳати умумии 467 метри мураббаъ бо сарфи наздик 1 млн сомонӣ бунёд карда шудааст.

Бинои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Аладдин» аз 2 ошёна иборат буда, дорои 3 синфхонаи машғулиятҳо, ҳуҷраи бозии кудакон, ошхона, ҳуҷраи тиббӣ, анборхона ва ҳуҷраи ёрирасон аст. Муассиса айни замон имкони ба таҳсил фаро гирифтани 100 нафар тарбиятгирандагонро доро мебошад.

Раиси шаҳри Истаравшан ва роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аснои боздид бо тарбиятгирандагон ва мураббиёни муассиса сӯҳбати самимӣ намуда, ифтитоҳи муассисаи мазкурро тӯҳфаи арзанда ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд