Дар давраи таътили тирамоҳӣ тибқи нишондоди Раёсати маорифи вилояти Суғд ва нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо мақсади ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона, ҷалб намудани онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва тарғиби ашъори ноби шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Фарзона дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни “Фарзонахонӣ” баргузор карда шуд.
Дар даври вилоятии озмун 40 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 4 бахш: ҳифзи ғазал, донистани луғат, иншо ва саволу ҷавоб аз рӯи ду категорияи синнусолӣ (аз 7 сола то 14 сола ва аз 15 то 18 сола) ширкат варзиданд.
Озмуни мазкурро узви иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод, муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд", шоир Сурайё Ҳакимова, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шоир Абдуманон Одинаев ва рӯзноманигор Музамбила Тухтаева доварӣ намуданд.
Дар натиҷа аз рӯи категорияи синнусоли аз 7 то 14 сола Раҷабова Нозия - хонандаи синфи 5-уми МТМУ № 36 -и ноҳияи Ашт сазовори ҷои аввал, Ҳикматова Сабрина - хонандаи синфи 8-уми МТМУ № 27-и ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷои дуюм ва Раҳмонова Рисолатбону хонандаи синфи 6-умии Литсейи № 5 – и шаҳри Исфара сазовори ҷои сеюм гардиданд. Аз рӯи категорияи аз 15 сола то 18 сола бошад Дадоматова Шукрона - хонандаи синфи 10-уми Гимназияи № 5-и ноҳияи Ашт сазовори ҷои авал, Ҷаъфарова Мафтуна - хонандаи синфи 10-уми Литсейи № 5-и шаҳри Исфара сазовори ҷои 2 ва Мутрибаи Хуршед - хонандаи синфи 9-и Гимназияи №5-и ноҳияи Деваштич сазовори ҷойи 3-уми озмуни мазкур гардиданд.
Дар фарҷоми озмун тамоми иштирокчиёни озмун бо Сипоснома ва ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд