Аз 31 – уми октябр то 6 – уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар Олимпиада 99 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва МТД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон иштирок намуда, ба гирифтани 50 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 15 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм ноил гардиданд.
Аз руйи ҷамъбасти фанҳои таълимӣ дастаи вилояти Суғд аз фанҳои физика, химия, биология, география ғолиб дониста шуда, бо 4 адад Ҷоми дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин мебошад.
Рӯзҳои баргузории Олимпиада мусобиқа оид ба футбол байни хонандагон (мувофиқи синну сол) гузаронида шуд. Дар мусобиқа байни хонандагони синну солашон 15-16 сола дастаи вилоят ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардида, бо Ҷоми дараҷаи якум мукофотонида шуд.
Ҳамзамон, хонандагон дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, бо диплом, сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд