Нишасти 203-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар вилояти Фарғона баргузор гардид

Бо дастгирӣ ва сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон нишасти 203-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Тибқи иттилои роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов сездаҳ нафар адибу олими вилояти Суғд давоми ду рӯз дар шаҳри Фарғона, Риштон  ва Марғелон  бо аҳли илму адаби вилояти Фарғона, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарӣ ошно гардида, сӯҳбату мулоқотҳои муфид баргузор намуданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳияи  Бешариқ  роҳбарияти ҳокимияти ноҳия бо сарварии  ҳокими он Х.Аҳмедов, гурӯҳи зиёиёни вилояти Фарғона бо нону намак ва садои карнаю доира истиқбол намуданд.

Пас аз дидору мулоқотҳо дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона маҳфили “Ганҷи сухан” баргузор гардид. Дар оғози маҳфил Саидумрон Саидов аз нақши беназири сарварони  ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди дӯстиву робитаҳои илмиву адабӣ сухан намуда, сипосгузории аҳли маҳфилро ба Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров баён намуда, ба ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона Баҳодурҷон Шермуҳамадов тӯҳфаҳои Раиси вилояти Суғд -  200 номгӯ китобҳои адабиву бадеӣ, таърихиву илмиро тақдим намуд

Сипас, Нуралӣ Нурзод-доктори илмҳои филология  китобҳои тозанашреро, ки дар нашриётҳои Тоҷикистон чоп шудаанду як қисми онҳо ба донишгоҳ ҳадя гардид,  муаррифӣ намуд. Ӯ барои ҳозирин муҳимтарин матлаб ва мақсади китобҳои тозанашрро баён кард. Ҳамзамон Нуралӣ Нурзод як шеъри нави худро бахшида ба Фарғона ва мардуми он қироат намуд. Дар ин бахш Масъуд Мирзоев-раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона низ баромад намуда, якчанд китобҳои тоҷикии  тозанашрро, ки дар чопхонаҳо Ӯзбекистон интишор ёфтааст ба ҳозирин ошно намуд.

Баъдан Шарифҷон Тоҷибоев  номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  дар мавзӯи “Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ-дӯстии  ҷовидони адабиёт” маърӯза намуда, дар мавриди дӯстии ду шоири классик, таъсири онҳо дар муносибатҳои хуби ӯзбекону тоҷикон, баъзе хусусиятҳои адабии ашъори ин суханварон изҳори назар кард. Дар суханронӣ ва шеърхонии  Гулноз Тоҳириён муҳаббату самимияти хос  нисбати мардуми Фарғонаи бостон эҳсос мешуд ва шеърҳояш бо қироати хосаи шоира аз ҷониби аҳли нишаст истиқболи том пайдо кард.  Сурайё Ҳакимова низ чанд шеъри тозаэҷодашро қироат кард.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон дар баромади худ нахуст бардоштҳояшро аз сафар баён намуда, ба ҷавонон аз фазилати хондани китоб ҳарф зад. 

Нависанда Додохони Эгамзод низ аз таърихи дӯстии ду халқ сухан кард ва бо сӯҳбатҳои ширину гуворои худ хотири ҳозиринро шод намуд. Ӯ низ як силсила китобҳояшро ба роҳбарияти донишгоҳу факултет ҳадя намуд.

Содирхон Умаров, муаррих, устоди Донишкадаи иқтисод ва саноати Тоҷикистон бо маърӯзаи “Водии Фарғона-гоҳвораи илму адабу ирфон” баромад карда, ба ҳозирин аз зиндагинома ва фаъолияти орифону олимони маъруфи водии Фарғона ҳикоят кард. Ӯ водии Фарғонаро зодбуми бузургтарин шахсиятҳои таърихиву илмӣ,мазҳабиву ирфонӣ арзёбӣ намуд ва аз ҷавонон тақозо кард,ки дар омӯзиши  осор ва назарияи ин афрод ҷидду ҷаҳд намоянд.

Субҳон Аъзамзод низ баромад намуда, оид ба таърихи гузаштаи робитаҳои илмиву адабии ду кишвар изҳори назар намуд.

Муҳаққиқон ва адибони Ӯзбекистон Расулбек Аҳмадзода, Садриддин Ҳушёрӣ  баромад намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфтанд ва шеърҳои тозаи худро қироат карданд.

Меҳмонон дар доираи сафари худ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Фарғона боздид карда, бо таассуроти калон баргаштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд