17 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии даври вилоятии озмуни мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абуллозода Зиёдулло Назар, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси хакамони озмун Муртазо Зайниддинзода ва сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ масъулин қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Озмун аз рўйи панҷ номинатсия баргузор мешавад:
- адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- адабиёти классикии тоҷик;
- адабиёти муосири тоҷик;
- адабиёти ҷаҳон;
- эҷоди назму наср.
Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
- хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ;
- омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
Гуфтан ба маврид аст, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври вилоятии озмун барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) роҳхат мегиранд.
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нимаи якуми моҳи декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд