Баргузории мизи мудаввар бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси нақшаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 12 октябри соли 2022 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешвои миллат ва иҷлосияи тақдирсоз» суҳбат дар атрофи мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят, собиқадорон, фаъолон, устодони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, гирандагони идрорпулии Президентӣ, раиси шаҳр ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Сароғоз аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон композитсияи адабӣ намоиш дода шуд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оила Хуршедахон Хоҷазода роҷеъ ба мавзӯи мизи мудаввар сухан ронда, иброз намуд, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд ва давлату моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро тақким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.

Собиқадори меҳнат, аъзои Шӯрои занони вилоят Муҳаббат Нозимова роҷеъ ба он рӯзҳои мудҳише, ки паси сар шуданд, ёдовар шуда, аз заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва ноил шудан ба даврони Истиқлолият ҷоннисориҳо карданд, сухан намуд.

Сипас, олимаи ҷавон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди факултаи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидахон Солихӯҷаева ва донишҷӯйи курси 2-юми факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ёсуман Ҳакимова доир ба хизматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабинии Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022» дар назди Раёсати кор бо занон ва оила курси омӯзишии «Зан-сарвар» ҷамъбаст гардида, ба 14 нафар шунавандагон-донишҷӯдухтарони фаъол Гувоҳномаи хатм супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд