Ташкили Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ таъсис ёфт.

Шӯро бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва шахсони алоҳида, марказҳои таълимиву истеҳсолӣ, нуқтаҳои савдо ташкил шуда, таъмини ҳамкории байниидоравии идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ, таъмини таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рушди соҳа аз вазифаҳои асосии Шӯро маҳсуб меёбад.

Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ аз 17 нафар роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иборат аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд