Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ боз барои 800 ҷойи нишаст мизу курсии нав дастрас карда шуд.
Чанде пеш дар доираи дастгириҳои Раиси вилоят барои 1600 ҷойи нишаст мизу курсӣ дастраси муассисаи таълимии ноҳия гардида буд.
Маврид ба зикр аст, ки бо ибтикори раиси ноҳия ва дастгириҳои ашхоси саховатпеша, соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар афроди хайрхоҳ барои харидории беш аз 11 ҳазор адад шифер барои болопӯши муассисаҳои таълимии ноҳия ва таҷҳизоти муосири хониш, аз ҷумла тахтаи электронӣ, проекторҳои мултимедиявӣ ва компютерҳо корбарӣ рафта истодааст, ки дар рӯзҳои наздик тақсимоти онҳо низ оғоз мешавад.
Дар ноҳияи Мастчоҳ феълан 48 муассисаи таълимии миёнаи умумӣ ва 13 кӯдакистон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 27402 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 1860 омўзгор ба онҳо дарс мегӯянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд