Ба сохтмони бинои иловагии МТМУ рақами 8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд

1 сентябр раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода бо ҳамроҳии Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ситоди корӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 - и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, баъди муборакбодии омӯзгорону толибилмон бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ба сохтмони бинои иловагии муассисаи мазкур, ки бо тарҳу намуди муосир барои 450 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таъсилоти миёнаи умумии №8 – деҳаи Овчиқалъача соли 1984 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шуда, бо зиёдшавии аҳолӣ чанд соли охир ба бинои иловагӣ эҳтиёҷ дошт. Айни ҳол дар муассиса 2300 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 150 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд. Бо сохта ба истифода додани бинои иловагӣ шароити таълиму тадрис дар муассиса бамаротиб беҳтар гардида, фанҳои таълимӣ дар утоқҳои махсусгардонидашуда бо шаклҳои муосир баргузор хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд