Истаравшан. Дар Рӯзи дониш бинои иловагии МТМУ рақами 19 ба истифода дода шуд

1 сентябри соли равон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба номи Олимхон Эшонтӯраев мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба номи Олимхон Эшонтӯраев дар деҳаи Боғикалон, ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми оилаи Эшоновҳо бунёд гардидааст.

Ба иттилои масъулин муассисаи мазкур соли 1964 ташкил гардида, қисми дуюми бинои муассиса соли 2007 сохта шудааст. Дар муассисаи таълимӣ 47 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 32 нафар занон-омузгорони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, соли хониши 2021-2022 дар муассисаи таълимӣ 974 нафар хонандагон, аз он ҷумла 504 нафар духтарон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Сохтмони қисми сеюми бинои муассиса соли 2016 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба тариқи ҳашар оғоз гардида, аз таҳхона(таҳхона дорои 6 синфхона) ва шаш синфхона иборат мебошад, ки сохтмони он нотамом монда буд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби оилаи Эшоновҳо сохтмони бинои нотамоми муассиса бо сифати баланд ба итмом расонида шуда, бо таҷҳизотҳои зарурии таълимӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуд. Иншоот бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бо тарҳу шакли муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои нави таълимӣ сохта шуда, барои илмомӯзии хонандагон мувофиқу мусоид мебошад.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан соҳибкор Ҳадятулло Эшонов бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд