Дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мароми супоридани 100 адад аробачаҳои маъюбӣ, либос, маводи хўрокаи ниёзи аввал баргузор гардид.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина пайваста кўмакҳо ирсол ва дастрас карда мешаванд. Ин қишри ҷомеа ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис намекунанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баромади худ зикр дошт, ки дар Тоҷикистон барои шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад.
Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд таъкид дошт, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мушарраф гардида истодаем. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрамон расем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем. Дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ боварии мардуми Тоҷикистони маҳбуби мо, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ояндаи дурахшонамон зиёд намуда, барои меҳнати содиқонаву созанда ҳидоят менамоянд.
Сипас ба зиёда аз 100 нафар маъбони шаҳру навоҳии вилоят аробачаҳои маъюбӣ, маводи хўрока ва сару либос тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд